МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
6940 раз Последнее изменение Вторник, 09 Январь 2018 12:08
Оцените материал
(3 голосов)

Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо намояндагони Фонди сулҳ ва рушди Ҷумҳурии Халқии Хитой – ҷонишини раиси Фонди мазкур хонум Ю Сиао Шуен, роҳбари шўъбаи татбиқи лоиҳаҳо хонум Тиан Гнг,  корманди Шўъбаи байналхалқии Комитети Маркази ҳизби комунисти Хитой хонум Ян Сяо Тун бо ду нафар ҳамроҳи дигар вохўрӣ намуд. 

 

Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба муайян кардани самтҳои ҳамкориҳо тарафайн дар доираи ҶДРФТ, тақвияти  дўстӣ, дарёфти имконоти ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак дар Тоҷикистон ва ҳамвора дар ҶХХ изҳори назар карда шуд. 

Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев дар бораи  муносибатҳои байни ду кишвар дар сатҳи дипломатии мардумӣ ёдрас шуд. Ў зикр намуд, ки ин муносибатҳо  дар сатҳи баланди рушду густариш қарор доранд. Дар баробари тақвият ёфтани ҳамкориҳои ҶТ ва ҶХХ дар арсаҳои сиёсату иқтисод, ҳамчунин равобити фарҳангии ду кишвари ҳамсоя  ва дўст  низ густариш доранд. Инчунин оид ба фаъолияти Ҷамъиятҳои назди ҶДРФТ амалкунанда маълумот дода иброз дошт, ки айни замон 23 Ҷамъияти дўстӣ фаъолият мекунанд ва  Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Хитой»  яке аз онҳо буда, барои вусъат бахшидани муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ-тањсилотӣ ташкили чорабиниҳои назаррас корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. 

Ҳамчунин ҷонишини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарипова суханони Сайдулло Хайруллоевро тақвият дода, дар масъалаи маҷаллаи «Дўстӣ» (нашри ҶДРФТ) дар тарғиби нақши дўстию бародарии ду халқ нек арзёбӣ намуд.

Меҳмонон иттилоъ ёфтанд, ки бо ташаббуси  Раёсати ҶДРФТ соли 2012  китоби «Сухане чанд аз робитаҳои ду сарзамини тамаддунофар» бахшида ба 20-солагии муносибатҳои дипломатии ҶТ ва ҶХХ таҳия гардид. Дар китоб баъзе санадҳои расмии  фарогири робитаҳои  Тоҷикистону Хитой дар зарфи бист соли охир, фикру андешаи мутахассисон оид ба таърих ва ҳолати муосири ин муносибатҳо ва таассуроти шаҳрвандони ин ду кишвар дар бораи мамлакатҳои ҳамдигар ҷамъоварӣ шудаанд. Соли 2013 китоби дигар таҳти унвони «Ҳикмати асрҳо», ки аз панду андарзҳои файласуф ва ҳакими бузурги Чин – Конфутсий бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ мураттаб гардидааст, ба нашр расидааст.

Сентябри соли 2014 аз ҷониби Раёсати ҶДРФТ ва бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри махсуси маҷаллаи «Дўстӣ» бахшида ба ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  ва ташрифи давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Сзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида буд. Ин шумора бо ду китоби зикршуда ба меҳмонон пешкаш гардид.  

Ҷонишин Раиси Фонди Сулҳ ва рушди ҶХХ хонум Ю Сиао Шуен аз ҷониби худ  изҳор намуд, ки дар бораи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми меҳмоннавози он то омадани маълумоте дошта, зимни сафари чандрўза бо мардуми он иттилоъи бештар дарёфтааст. Гарчанде Фонди Сулҳ ва рушди ҶХХ соли 2011 таъсис ёфтааст, бо шарофати дастгирии Ҳукумати кишвари фаъолияташ босамар ва доманадор аст, ҳадафи он барои рушд ва  таҳкими робитаҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Аз  мавҷуд будани фазои мусоиди ҳамкорӣ умед бар он дорем, ки бо  ҶДРФТ  низ ба роҳ монда, дар рушди барномаи камарбанди иқтисодии Шоҳроњи абрешим   ҳамкориҳои  судманд хоҳем буд, илова кард хонум Шуен дар оянда роҳандозӣ менамоем.

Последнее от

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31