ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ ВА ВАН ШЕМАН ЛОИҲАИ ПРОТОКОЛИ ҲУСНИ НИЯТ ИМЗО КАРДАНД

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
490 раз Последнее изменение Пятница, 09 Сентябрь 2016 10:51
Оцените материал
(0 голосов)

17.12.2014 Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев бо ҳайати намояндагии Ҷамъияти дўстии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Халқии Хитой бо кишварҳои хориҷӣ (таҳти раёсати муовини Раиси ҷамъияти мазкур Ван Шеман) мулоқот намуд, ки дар ҷараёни он масъалаи тақвияти ҳамкориҳои ҶДРФТ ва ҷамъияти мазкур баррасӣ гардид. 

Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ташрифи ин ҳайатро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ба идораи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ қадами муҳим барои рушди равобити дуҷониба арзёбӣ кард.

Зикр шуд, ки ҳамкориҳои тарафайни Ҷамъиятҳои дўстии ду кишвар бо гузашти солҳо торафт тақвият ёфта, рушд мекунанд.

Ташрифи аввалини Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Тзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди густариши муносиботи дуҷонибаи ҷамъиятҳои мо такони тоза бахшид, - таъкид кард Сайдулло Хайруллоев.

Муовини Раиси Ҷамъияти дўстии музофоти Гансу бо кишварои хориҷӣ Ван Шеман низ дар навбати худ ба Сайдулло Хайруллоев барои пазироии самимӣ изҳори ташаккур карда, мулоқоти имрўзаро омили муҳими густариши ҳамкориҳои ҷамъиятҳои дўстии ҳарду кишвар донист.   

Дар хотимаи мулоқот аз тарафи Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ва муовини Раиси Ҷамъияти дўстии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Халқии Хитой бо кишварҳои хориҷӣ Ван Шеман лоиҳаи “Протоколи Ҳусни Ният” ба имзо расид. Тарафайн баъди мувофиқа ва мушаххас кардани самтҳову ҷиҳатҳои ҳамкорӣ байни ҳам Созишнома ба имзо хоҳанд расонд

 

 

 

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Август 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31