ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

ФОРУМИ АНҶУМАНҲОИ ДЎСТӢ

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
169126 раз Последнее изменение Пятница, 09 Сентябрь 2016 10:47
Оцените материал
(0 голосов)

ФОРУМИ АНҶУМАНҲОИ ДЎСТӢ ВА ФЕСТИВАЛИ ДЎСТИИ ДОНИШҶЎЁНИ ХОРИҶӢ БАРГУЗОР ШУД Бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Россотрудничество ва бо дастгирии Сафорати Россия дар Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии пойтахти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми II анҷуманҳои дўстӣ ва Фестивали II дўстии донишҷўёни хориҷӣ ва тоҷик баргузор гардид.

Дар кори Форуми мазкур сафирон ва намояндагони як қатор давлато, аъзои Раёсат ва фаъолони ҶДРФТ, роҳбарони Ҷамъиятҳои алоҳидаи назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, роҳбарону аъзои иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон бо фарогирии доираи васеи донишҷўёни хориҷӣ ва дохилии муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе, намояндагони ВАО ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд.

Чорабинии мазкурро роҳбари Маркази илму фарҳанги Россия (Россотрудничество) – Владислав Курнушко ифтитоҳ намуда, зимни муҳим арзёбӣ кардани Форуми мазкур онро барои тақвияти дўстӣ ва бародарӣ миёни халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон омили мусбӣ маънидод кард.

Сипас Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки Форуми имрўза, ки ба муносибати ду рўйдоди муҳим – 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 - солагии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо мақсади тавсеаи фаъолияти Ҷамъиятҳои дўстии дар назди ҶДРФТ амалкунанда, тақвияти дўстӣ байни ҷавонону донишҷўёни тоҷик ва хориҷӣ, ки дар донишгоҳҳои олии кишвари мо таҳсил мекунанд, рушди муносиботи илмиву эҷодии насли ҷавон ташкил карда шудааст.

Номбурда изҳор дошт, баргузории чунин чорабинӣ, ки имсол бори дуюм гузаронида мешавад, шаҳодати аҳамияти натанҳо ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ касб кардани он мебошад. Ин Форум қадами устувор дар таҳкими дўстиву рафоқат байни ҷавонону донишҷўёни тоҷику хориҷӣ ва ҳамаи қавму миллатҳои муқими ҷумҳурии мо хоҳад буд.

Дар Форум Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус Гаврук О.А.,  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аббосалӣ Карим - уғлу Гассанов , муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, Ректори Донишгоҳи Славянии Россия – Тоҷикистон Нуралӣ Салихов, Ректори Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Хуршед Зиёев, намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, донишҷўёни хориҷӣ ва дохилии дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсилкунанда иштирок ва вобаста ба мавзўъҳои гуногуни тараннумкунандаи дўстӣ баромадҳо карда, аз ташаббуси наҷиби Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва шарикони он ҷиҳати доир намудани чунин чорабинии муҳим изҳори қадрдонӣ намуданд.

Дар доираи баргузории Форуми мазкур дар таърихи 28 ноябри соли 2014 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Фестивали дўстии донишҷўён ва ҷавонон бо консерти идона доир гардид. Дар он донишҷўёну ҷавонон ва намояндагони ақаллиятҳои миллӣ бо барномаҳои ҷолибу рангоранги консертӣ иштирок карданд. Дар фароварди Фестивал иштироккунандагони он Резолютсияи Фестивали дўстии ҷавонон ва донишҷўёнро бо овоздиҳии якдилона қабул карданд, ки он роҳнамои муттаҳидияти ҷавонон, ба ҳам наздикшавӣ, рафоқати онҳо ҳисоб меёбад.

Дар анҷоми Фестивал аз ҷониби Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба гурўҳҳои эҷодии дар ин чорабинӣ иштироккарда Ифтихорномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Форуми анҷуманҳои дўстӣ ва Фестивали дўстии донишҷўёни хориҷӣ ва тоҷик дар рўҳияи дўстӣ ва рафоқат баргузор гардида, он барои таҳкими дўстӣ ва муносиботи фарҳангӣ натанҳо миёни ҷавонон, балки дар миёни ҳамаи мардум ва истиқоматкунандагону бошандагони сарзамини Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Июнь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30