«ДӮСТИИ БИДУНИ МАРЗ»

Опубликовано:08 Сентябрь 2016
2279 раз Последнее изменение Четверг, 08 Сентябрь 2016 17:47
Оцените материал
(0 голосов)

Форуми ҷамъиятҳои дӯстӣ ва анҷуманҳои (обшинаҳои) миллии кишвар, ки 23 ноябри соли 2012 таҳти унвони «Дӯстии бидуни марз» баргузор гардид, чорабинии якҷояи Сафорати Федератсияи Россия, Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) буда, ба  20-мин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

 

Форуми 16 ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида (аз ҷумла ҷамъиятҳои дӯстии «Тоҷикистон – Россия», «Тоҷикистон-Германия», Тоҷикистон – Эрон»), ки дар доираи ҶДРФТ фаъолият мекунанд ва марказҳои фарҳангии иттиҳодияҳо ва анҷуманҳои миллӣ (аз ҷумла тоторҳову бошқирдҳо – «»Дуслык», қазоқҳо -  «Байтерек», осетинҳо  «Иристон»), ки бо ҶДРФТ ва Маркази илмию фарҳангии Россия ҳамкории зич доранд, давоми мантиқии фаъолиятҳои муштараки ду ташкилоти ҳаммонанданд, ки мақсаду вазифаи ягона доранд.

 

ҶДРФТ, ки аз ширкаткунандагони фаъоли чорабиниҳои Маркази илмию фарҳангии Россия мебошад, баъзе ҷаласаву маъракаҳои калони худро дар ин Марказ баргузор менамояд. Технологияи иттилоотии муосири дар Марказ мавҷудбуда шароити гузаронидани чунин чорабиниҳо ва ширкати шумори бештари мардумро дар онҳо  фароҳам меоварад. 

 

Дар доираи кори форум меҳмонон тавассути намоиши аксҳои Корманди шоистаи Тоҷикистон Заур Дахте  бо фаъолияти ҶДРФТ ва чорабиниҳои якҷоя баргузорнамудаи ҶДРФТ ва Россотрудничество шинос шуданд. Китобҳое, ки муаллифонашон аъзои ҷамъиятҳои дӯстӣ ва иттиҳодияву анҷуманҳои  миллӣ мебошанд ва асарҳои солҳои охир нашрнамудаи олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи А.М. Баҳоваддинов, ки аз тарафи директори ин институт Абдувоҳид Шамолов – раиси ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Туркия» бо хоҳиши  ҶДРФТ пешниҳод гардидаанд, дар форум ба намоиш гузошта шуданд. 

 

Қабл аз баргузории форум меҳмонон утоқҳои кориву толорҳо, китобхонаи Маркази илмию фарҳангии Россияро тамошо карданд, барои меҳмонон филми мустанади «Русский музей» намоиш дода шуд.  

 

Дар суҳбати «мизи гирд», ки дар доираи Форум баргузор шуд, масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстӣ ва иттиҳодияву анҷуманҳои миллӣ дар солҳои охир, ҳамкориҳои ҶДРФТ бо Намояндагии Россотрудничество баррасӣ гардида, фикру ақида ва пешниҳодоти намояндагони ин ҷамъиятҳову анҷуманҳо, дигар ширкаткунандагон дар бораи боз ҳам беҳтар ва пурмуҳтаво ба роҳ мондани ин фаъолиятҳо шунида шуданд. Дар суҳбати «мизи гирд» Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ва Роҳбари Намояндагии Россотрудничество Владислав Олегович Курнушко суханронӣ намуданд.

 

Дар форум шумораи навбатии маҷаллаи иҷтимоиву фарҳангии «Дӯстӣ» - нашрияи ҶДРФТ рӯнамоӣ гардид. Ба аъзои фаъоли ҷамъиятҳои дӯстӣ ва анҷуманҳои миллӣ, собиқадорони илму фарҳанг, ки дар таҳкими дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо ва дар фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ саҳми шоиста доранд, Ифтихорномаи ҶДРФТ ва Дипломи Россотрудничество супорида шуд. 

 

Дар фарҷоми Форум меҳмонон барномаи консертии омоданамудаи  намояндагони анҷуманҳои миллӣ ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд.

 

 

 

Последнее от

Другие материалы в этой категории: СОСЕДИ. ЯЗЫКОМ ИСКУССТВА »

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31