Маҳфили рўнамоии шумораи навбатии Маҷаллаи «Дӯстӣ»

Автор 
Оцените материал
(0 голосов)

Мањфили рўнамоии шумораи навбатии Маљаллаи «Дўстї»

01Дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ,Намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣдар вилояти Суғд Нодирљон Солиҷонов ва Латиф Султонов рўнамоии маҷмӯаи аќалиятњои миллї бо номи «Единство многообразия:Шагнув из времени во времена» ва маҷаллаи «Дўстї» шумораи дуюми соли 2016-ро муаррифи карданд.

Дар муаррифӣ Намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Нодирљон Солиҷонов ва Латиф Султонов аз ҳадафи нашри маҷалла ва маҷмӯаи мазкур, мазмуну мундариҷаи онҳо ва саҳми ноширон дар густариши ғояҳои дӯстиву бародарӣ, инсонгароӣ ба иштирокчиён маълумот дода, зимнан ба саволҳоиҷолиби онҳо ҷавоби муфассал доданд.

02Намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд аз номи РаёсатиҶамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якчанд нусха аз маҷаллаи «Дўстї» ва маҷмӯаи аќалиятњои миллї «Единство многообразияШагнув из времени во времена» ба директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов барои мутолиаи истифода барандагон ҳадя намуданд.

Дар рӯнамоии маҷмӯаи аќалиятњои миллї «Единство многообразияШагнув из времени вовремена» ва маҷаллаи «Дўстї» кормандони Китобхонаи вилоятӣ, инчунин донишҷӯёни соли аввали таҳсили шуъбаи китобхонашиносии факултети санъати Донишгоњи Давлатии Хуљанд ба номи академик БобоҷонҒафуров ширкат карда, дар васфи дӯстиву рафоқат, сулҳу ваҳдат, Ватан-Модар гуфторҳо, порчаҳои шеърӣба забонҳои тоҷикӣ, русї, англисӣ қироат карданд.

03Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ адабиётшинос Баҳром Мирсаидов, ҷонишинонони директори китобхонаи номбурда ва устодони факултети китобхонашиносии Донишгоњи Давлатии Хуљанд ба номи академик Бобоҷон ҒафуровҲакимова Мунира, Ахмедов Ањрор, сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Султонова Волида, сармуҳаррири шуъбаи табъу нашри китобхонаи мазкур Шодї Шарифов дар бораи арзишу мақоми маҷмӯаи аќалиятњои миллї «Единство многообразияШагнув из времени во времена» ва маҷаллаи «Дўстї» изҳори назар карда, ба он баҳои баланд доданд.

04

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

dusti02

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Август 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31