Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, доктор Алиасғари Шеърдӯст мулоқот намуд

Опубликовано:08 Сентябрь 2016
2340 раз
Оцените материал
(0 голосов)

18 январи соли 2013 Раиси Райёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Точикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат чонибҳо омодагии худро баҳри рушду нумӯи  муносиботи дӯстӣ байни халқҳои  Тоҷикистону Эрон  изҳор намуданд. Алиасғари Шеърдӯст  зикр намуд,  ки саҳми Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Точикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар равнақи муносиботи фарҳангииТоҷикистону Эрон калон аст. 

 

Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ба  Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алиасғари Шеърдӯст  арзи сипос намуда  ишора кард,  ки чигунагии равобити ҳар кишвар бо кишвари дигар ба  сафиронашон  низ зиёд вобаста аст. Имрӯз муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар сатҳи баланд қарор доранд ва дар ин робитаҳои ҳасана саҳми ҷаноби сафир беандоза аст. 

 

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон чаноби Алиасғари Шеърдӯст гуфт, ки сафорат барои хамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ хамеша омода аст.  

 

Сайдулло Хайруллоев зикр намуд, ки Ҷамъияти дӯстии “Точикистон – Эрон”, ки дар доираи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Точикистон бо кишварҳои хориҷӣ амал мекунад, имсол 10–солагии фаъолияти худро тачлил хоҳад кард ва ба ин мунсибат баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

 

Дар мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон – Эрон” – Мирзо Муллоаҳмадов, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат намуданд.

Последнее от

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Апрель 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30