ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

Конференсияи илмӣ бахшида ба "Рўзи Иқбол"

Опубликовано:30 Ноябрь 2016
376 раз Последнее изменение Среда, 30 Ноябрь 2016 07:15
Оцените материал
(1 Голосовать)

Конференсияи илмї бахшида ба "Рўзи Иќбол" ва рўнамоии китоби "Иќболшиносї"

 01Донишгоњи миллии Тољикистон, факултети забонњои Осиё ва Аврупо, кафедраи филологияи Њинд Конференсияи илмї бахшида ба "Рўзи Иќбол" ва рўнамоии китоби "Иќболшиносї" (маљмўаи маќолањо) доир гардид, ки дар он Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Исломии Покистон дар Љумњурии Тољикистон љаноби Тариќ Иќбол Сумро, ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, академик Имомзода Муњаммадюсуф, раиси Љамъияти дўстии "Тољикистон – Покистон" академик Олимов Кароматулло, раиси Љамъияти дўстии "Тољикистон – Њиндустон" профессори кафедраи филологияи Њинд Раљабов Њабибулло, профессор Сафаров У., сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии АИ ЉТ А.Хуросонї, мудири кафедраи антология ва назарияи маърифат, профессор Зиёев И., кормандони Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї референт Нурматова Н.Л., аксбардор Саъдуллоев Ш.Н., ходимони илм ва донишљўён иштирок ва суханронї намуданд.

 

            01Конференсияро декани факултет Шодиев Р. оѓоз намуда, њамаи њозиринро хушомадед намуда, мењмонон ва баромадкунандагонро муаррифи кард. Сипас, сухани ифтитоњиро ба Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Исломии Покистон дар Љумњурии Тољикистон љаноби Тариќ Иќбол Сумро дод. Сафир ќайд намуд, ки андешањои пешќадами Иќбол метавонанд моро ба озодихоњї, вањдату ягонагї, баробарию бародарї ва роњнамоию созандагї њидоят намоянд. Њамин пањлуи пурбори эљодиёти ин адибу мутафаккир аст, ки мардумони гуногунзабону гуногунмиллат ба осори адабию илмии ў рўй меоранд, аз он бар манфиати љомеаи худ истифода менамоянд.

           01 "Инак, маљмўаи нави ба дасти хонандаи тољик расида, идомаи Иќболшиносї дар кишвари зебоманзару маърифатпарвари Тољикистон мебошад, ки дар он маќолањои хуби муњаќќиќони тољик гирд омада, метавонанд Иќболшиносиро ба таври умум њам дар Покистон, њам дар Тољикистон ва њам дар љањон пурратар намоянд".

 

 

 

01Баъдан, раиси Љамъияти дўстии "Тољикистон – Покистон" академик Олимов Кароматулло суханронї намуда ќайд карданд, ки баъд аз истиќлолияти Тољикистон аз кишварњое, ки бо мо равобиту дўстии њасана дорад, Љумњурии Исломии Покистон мебошад. Њамкорињои мо гуногунбахшу гуногунљабња буда, яке аз пањлуњои он њамкории илмию фарњангист. Бовар бар он аст, ки ин китоб, ин маљмўаи маќолањои донишмандони тољик барои дарки пањлуњои зиндагї ва таълимоти Иќбол мусоидат хоњад кард.  

 

           01 Инчунин, дар конференсия дар мавзуъњои "Баъзе мулоњизањо дар андешањои фалсафии Иќбол", "Васфи табиат дар ашъори Иќбол", "Тањияи мутуни куллиёти форсии Муњаммад Иќбол дар Покистон", "Масоили худшиносї дар фарсафаи Иќбол ва назарияи маърифат", "Зарандуд – баёнгари андешањои кайњонии Иќбол", "Баррасии масъалаи "инсони комил" аз диди Мавлоно ва Иќбол", "Сањми Пригарина Н.И. дар омўзиши Иќбол", "Ѓазалњои урдуи Муњаммад Иќбол", "Иќбол ва Њёте " маърузањои пурмуњтаво шунида шуд.    

 

           01 Аз тањлили ашъори Муњаммад Иќбол чунин бармеояд, ки дар ташаккулёбии шахсияти инсон масъалаи ахлоќи њамидаи инсонї яке аз шартњои асосї ба њисоб рафта, мутафаккир ба онњо њусну таваљљуњи хосае додааст. Доираи мусоили ахлоќии ашъори Иќбол њаргиз бо ин навишта мањдуд нашуда, омўзиши хосаеро интизоранд, зеро мо боварї дорем, ки њаллу фасли пурраи ин масоил њадди аќал китоби алоњидаеро таќозо дорад.  

            Дар фарљоми конференсия аз ашъори шоири тавоно аллома Муњаммад Иќбол донишљуёни кафедраи мазкур шеъру ѓазалњоро ќироат намуданд ва баъдан китоби "Иќболшиносї" (маљмўаи маќолањо), ки муаллиф Али Муњаммади Хуросонї бо дастгирии Сафорати Љумњурии Исломии Покистон аз нашр бароварда шуда буд, ба ањли нишаст таќдим карда шуд.

01

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Август 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31