ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

Конференсияи байналмилалии

Опубликовано:30 Ноябрь 2016
439 раз Последнее изменение Среда, 30 Ноябрь 2016 06:42
Оцените материал
(1 Голосовать)

         Конференсияи байналмилалии илмии "Раќс њамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказї: дирўз ва имрўз"

 

1Конференсияи байналмилалии илмии "Раќс њамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказї: дирўз ва имрўз" ба ифтихори 100-солагии Артисти халќии СССР, барандаи љоизаи давлатии Иттињоди Шўравї, Љумњури Шўравии Тољикистон ва асосгузори хореографияи муосири тољик Ѓаффор Валаматзода, ки дар маљлисгоњи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Вазорати фарњанги ЉТ, Вазорати маориф ва илми ЉТ, Сафири Љумњурии Озарбољон дар Тољикистон, намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аспирантон ва магистрони Академияи илмњо иштирок ва суханронї намуданд.

1Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Фарњод Рањимї ба кори конференсияи байналмилалї њусни оѓоз бахшида, њозиринро бо маќсади гузаронидани чунин конференсия шинос намуд. Сипас, доир ба зиндагинома ва фаъолияти касбии Ѓаффор Валаматзода маърўза намуда, ќайд кард, ки "Ѓаффор Валаматзода доир ба таърих ва санъати операи љањонї дониши хуб дошт ва дар ин замина њамеша донишу малакаи њунарии худро такмил дода, операњои миллии тољик: "Шўриши Восеъ", "Комде ва Мадан", "Домоди хонда", "Майсара" ва "Ѓуломон"-ро рўи сањнаи тољик овард. Асарњои рўи сањна овардаи ў дар таърихи театри мусиќии касбии тољик сањифаи рангину фаромўшношуданї мебошанд".1

Инчунин, Вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон Шамсиддин Орумбекзода сухани табрикї намуда, оид ба сањми Ѓаффор Валаматзода дар рушди санъати тољик, хусусан раќси миллии тољик маълумоти муфассал дод.

Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Озарбољон дар Тољикистон љаноби Аббасали Киром Оглу Гасанов оид ба робитаи фарњангии халќњои тољику озар суханронї, намуда сањми Ѓаффор Валаматзодаро дар синтез намудани фарњанги шарќї ба фарњанги аврупої махсус зикр кард.

         1Сипас, Саъдулло Рањимов дар мавзўи "Ѓаффор Валаматзода дар кинематография" суханронї намуда, ќайд кард, ки худи устод Ѓаффор Валаматзода гуфтааст: "Њунари актёриро намешавад ёд дод, фаќат онро метавон ёд гирифт ва ман ин хушбахтиро доштам, ки дар сањна ё бо нишастан дар толори тамошобинон, ин санъатро аз њунармандони барљаста омўхтам".1

         Њамзамон, Аскаралї Раљабов дар мавзўи "Раќс пайвандгари фарњангњо ва мардумон", Лариса Додхудоева дар мавзўи "Либосњои сањнавї дар корњои   сањнаороии Ѓаффор Валаматзода" ва Назокат Ќиличева дар мавзўи "Эљодиёти Ѓаффор Валаматзода дар ансамбли давлатии раќсии "Лола"" маърўзањои пурмуњтаво карданд.

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Июнь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30