Материалы

http://www.zoofirma.ru/

bomi jahonНамояндагии ЉДРФТ дар шањри Хоруѓ дар њамкорї бо маќомоти мањаллии иљроияи њокимияти давлатии ВМКБ ва шањри Хоруѓ, Кумитаи љавонон ва Раёсати фарњанги вилоят, чун анъана њар сол фестивали байналмилалї доир мегардад.               

Фестивали байналмилалии «Боми љахон – 2017» аз  22 то 24 июли соли 2017 дар боѓи марказии шањри Хоруѓ баргузор гардид.

Маќсади фестивали байналмилалии «Боми љахон – 2017», ки имсол 10-ум маротиба гузаронида мешавад, бешубња тањкими дўстї ва равобити фарњангии халќу миллатњои гуногуни дунё мебошад. 

Дар ин рўзњо њунармардони бењтарини Ќирѓизистону Ќазоќистон, Иёлоти Муттањидаи Амрико, Австрия, Хитой ва гурўњњои њунарї аз Тољикистон иштирок доштанд.

Гурўњи њунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар њамкори бо Консерваторияи миллии Тољикистон бо роњбарии Сирољиддин Љураев бо суруд ва оњангоње, ки дар заминаи Шашмаќом эљод шудаанд бо мањорат иљро намуданд ва аз љониби мухлисону мењмонон гарм истиќбол шуданд. Хунармардони ќирѓизу ќазоќ бо садои ќомузу ѓижак ва асбобњои дигари халќї дар дили мухлисон таасуроти хуб гузоштанд.

Мухлисон, ансанбли љазии австрягиро бо кафкўбињои зиёд истиќбол карданд. Њунармандони чинї бо роњбарии санъаткор Охуник Давлатбек бо раќсу сурудњои халќиятњои гуногуни Хитой ба фестивал омаданд.

Бонуи љавони амрикої муњаќќиќи риштаи санъати тољик Кэтти Фриз бо навои рубоб ва сурудњо ба забонњои тољикї, помирї ва либосњои шинами бадахшонї писанди мухлисон гардид.

Фестивал њамчунин имконияте буд, ки мухлисон дар он бори дигар аз њунармандони ситораи эстрадаи тољик Далер Назаров, њофизони хушсадо Бародархон Гадолиев, Олуча Муалибшоев ва дигар санъаткорон бањраманд шаванд.

Дар баргузории љашнвораи 10-солагии фестивали «Боми љахон – 2017», Фонди ташаббусњои мусиќии Бунёди Оѓохон, МСДСП, Ољонсии Шведсария оид ба рушд дар Тољикистон, Сафорати Амрико, ширкати мобилии «Тселл» ва Донишгоњи Осиёи Марказї сањм гузоштанд.