Материалы

http://www.zoofirma.ru/

 IMG 5034Аз 11 то 13 декабри соли 2017 бо дастгирии роњбарияти Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї, намояндагї дар вилояти Хатлон ва маќомоти иљроияи Њокимяти давлатии вилояти Хатлон дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” бахшида ба муносибати 25-солагии Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон намоиши аксњои Аълочии фарњанги Тољикистон, аксбардор Шуњрат Ёров тањти увони «Дастовардњои Тољикистони соњибистиќлол дар аксњо» доир шуд.

Директории Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” Гулистон Пиракова, намояндаи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, сардори Раёсати фарњанги вилоят Бурњон Раљабов, раиси Иттифоќи рассомони вилоят Р. Њамдамов баромад намуданд.

IMG 5007Чорабинии мазкур намояндагони њукумати вилоят, шањр, идораю корхонањо донишљўёну мактаббачагон зиёда иштирок намуданд.

Дар намоиши аксњои Шуњрат Ёров зиёда аз 100 акс пешнињод гардида, дар давоми як њафта зиёда аз њазор нафар тамошобинон аз он дидан карданд.

Аз тарафи Шуњрат Ёров ба иштирокчиёни чорабинї барномаи консертї низ пешнињод гардид. Баргузории ин чорабинї писанди њамагон гардид ва пешнињод шуд, ки чунин намоишњо бештар баргузор шаванд.