Материалы

http://www.zoofirma.ru/

DSC0335523 январи соли 2018 бо ташаббуси Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї ва намояндагии он дар вилояти Суѓд маҳфили муаррифии китоби тозанашри Љумъа Ќувват бо номи “Нахлистони тавҳид” дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхуља баргузор карданд.

Дар он ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, узви Маҷлиси Миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм Мубинҷон Қаюмов, Нодирљон Солиљонов, Латиф Султонов, Зафар Розиқов, Турсунбой Раҳматов, Собитҷон Бобоев, Маҳмудҷон Зиёбоев, Абдуаҳад Қодиров, Абдуҳаким Шарифов, консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Асилхан Бекбосинов, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, хонандагони фаъол иштирок доштанд.

56Директори Ки­тоб­хонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов дар сухани ифтитоҳӣ аз шеъри машҳури шоир –“Нони гандум” ва ба китоби дарсӣ дохил шудани он ёдовар шуда, шоир Ҷумъа Қувват ва китоби “Нахлистони тавҳид”-ро барои иштирокчиён муаррифӣ кард.

Намояндаи Ҷамъи­яти дӯстӣ ва равобити фар­ҳангии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо киш­вар­ҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Нодирҷон Солиҷонов баробари муаррифии китоби «Нахлистони тавҳид» таъкид намуд, ки шоир Ҷумъа Қувват аз фаъолони Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї мебошад. Чеҳраи матраҳ ва тобони аксар шеърҳои китоби мазкур Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.


Шоирони хал
қии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод аз ҳамнишиниву вохӯрӣ бо ҳамқаламон дар сояи чанори ҳазорсолаи Комсомолобод (Нуробод), сокинони меҳмоннавозу мардумдӯсти он лаҳзаҳои ҷолибро ба ёд оварда, зимнан дар мавриди фаъолияти эҷодӣ, ашъори ба мавзӯи
Ва
ҳдат бахшидаи шоир Ҷумъа Қувват изҳори назар карданд. Чунин маҳфил, ки бо иштироки шоире аз водии Рашт дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҳкимбахшии ваҳдату ягонагии миллӣ ва робитаҳои адабиву фарҳангӣ бори нахуст доир мегардад, ќаноатмандбуданд. Онҳо ба шоир     
Ҷ
умъа Қувват чун рамзи дӯстиву бародарӣ китобҳои “Ҷовидона дар назарҳо”, “Тазкираи адибони вилояти Суғд”, “Девони Ниёзӣ”-ро ҳадя карданд. Нависанда Маъруф Бобоҷон бо дастгирии Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев ба нашр расидани китоби “Нахлистони тавҳид”-ро натиҷаи ташаббусҳои нек дар самти дастгирии аҳли қалам ва таблиғу ташвиқи сулҳу дӯстӣ донист.

P1230209Аз муҳтавои маърӯзаи докторанти Донишгоҳи дав­ла­ти­и Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Нуралӣ Нуров – «Мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори Ҷумъа Қувват» рашван шуд, ки шоир аз оғоз ба мавзӯъҳои тарбиявиву ахлоқӣ, меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ рағбат дошта, дар солҳои охир ба мавзӯи муҳим–тараннуми Ваҳдату ягонагӣ рӯ оварда, дар ин љода них тавфиқ ёфтааст. Шоир кӯшидааст, ки симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун чеҳраи марказии ашъораш ба тасвир дода, барои дар рӯҳияи фидокориву созандагӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон саҳми арзандаи худро гузорад.тавхид0001

Китобдорони китобхонаи вилоятӣ Умарова Машҳура, Норматова Зуҳро, Азизова Дилноза, Рустамова Гулбаҳор аз осори шоир шеърҳо хонданд.

Масъули Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї, рӯзноманигор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Аъзам Мӯсоев фаъолияти пурсамари эҷодии муаллифи китоби “Нахлистони тавҳид”-ро дар доираи таҳкимбахшии сулҳу ваҳдати халқҳо фаъолияти намунавӣ эътироф кард.

Дар хотима шоир Ҷумъа Қувват шеърҳои нави худро қироат карда, китоби “Нахлистони тавҳид”-ро бо соядаст ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ, иштирокчиён туҳфа кард.