Мулоқоти Сайдулло Хайруллоев бо Найтхарт Хёфер-Виссинг

Автор 
Оцените материал
(1 Голосовать)

 DSC 728912 декабри соли 2018 дар дафтари кории Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссинг пазирифта шуд.

  Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев баъди хайрамақдам, меҳмонро бо таъриху таъиноти ташкилот ва вазифаҳои он шинос кард.

   Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар дар самтҳои гуногун аз ҷумла, дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ  махсусан дар доираи фаъолияти  Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Германия» мавриди баррасӣ қарор дошт.

   Сайдулло Хайруллоев дар охири суҳбат изҳор намуд, ки ба таъриху фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардани пажуҳишгарони олмонӣ шоистаи таҳсин аст ва ҳамкориҳои пурсамари илмию фарҳангӣ, бешак, ба суди мардуми ҳар ду кишвар аст.   

   Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Найтхарт Хёфер-Виссинг аз фаъолияти Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Германия» самимона истиқбол намуда, онро омили асосӣ дар таҳкими муносиботи ТоҶикистону Германия дар бахши илму омўзиш ва фарҳанг маънидод карда ва омодагии Сафоратро дар масъалаи дастгирии иқдомҳои Ҷамъияти мазкур баён дошт.

DSC 7300Сипас Сайдулло Хайруллоев риштаи суханро ба ҷонишини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова дод. Номбурда иттиллоъ дод, ки дар Тоҷикистон Германия ва олмониҳоро хуб мешиносанд; аз таърихи қадимтаринаш сар карда то давраи шукуфоии иқтисодиаш дар асри Х1Х ва то даврони муосираш огоҳанд. Махсусан умумияти ҳиндуаврупоӣ дар мавзўи забоншиносии таърихӣ, бархурдор будани интеллигенсияи тоҷик аз дастовардҳои санъату маданияти олмон ва адабиёти он ин қаробатро тақвият мебахшад, таъкид кард ў.

 

Дар фарҷом М. Шарипова дар бораи маҷалли «Дўстӣ» нашрияи ҶДРФТ, нақши он сухан карда, шумораи охирини онро, ки бештар ба мавзўи дўстии Тоҷикистон ва Ўзбекистон бахшида шудааст, ба меҳмон пешкаш кард. Барои ҷаноби Найтхарт Хёфер-Виссинг, ки то омадан ба Тоҷикистон Сафири Германия дар Ўзбекистон буд, ин ҳадия ҷолиб буд. Баъди иттилоъдодан аз робитаҳои адабӣ, тарҷумаи намунаҳо аз осори шоирони олмон ба тоҷики қироати порчаи манзум аз «Фауст»-и Гёте ҷаноби Сафирро хеле руҳбаланд кард.

 

DSC 7325Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Германия», мудири кафедраи забонҳои германию романии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Сайфуллоев Хайрулло оиди фаъолияти ин анҷуман, иртиботи он бо Ҷамъияти дўстии «Германия – Тоҷикистон»  (сарвараш Александр Ҳайзер), робитаҳо дар риштаи омўзишӣ, дар доираҳои илмии ду кишвар; диди мубодилаи байни ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо донишгоҳҳои Ҳалле Ҳумболти ва дигар муассисоти Германия, байни устодон, махсусан байни донишҷўёни ду кишвар, ташрифи аспирантҳои олмонӣ ба Тоҷикистон барои Сафир маълумоти матлуб буд.

    Х. Сайфуллоев оиди ташрифи паёпайи пажўҳишгарони Германия (бо мусоидати ҶДРФТ) баҳри тадқиқоти илмӣ ва навиштани рисолаҳои илмӣ, алалхусус дар мавзўъи этнология, низ маълумоти дақиқ дод.

 Баъдан Сафир ба саволҳояш посухҳо гирифт ва аз ташрифаш изҳори ризоият кард.

 Роҳбарияти ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ба Ҷаноби Найтхарт Хёфер-Виссинг китоби  мусаъвари «Пешвои миллат»-ро пешкаш кард.

 Мулоқот баҳри таҳкими дўстӣ ва қавитар гардонидани муносиботи тарафайн иқдоми муфид буд. Оид ба ин вохўрӣ дар маҷаллаи «Дўстӣ» маълумот дарҷ хоҳад гашт.