03 001 Имрўз дар идораи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) мулоқоти Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мирослав Ниязов баргузор гардид.

http://www.zoofirma.ru/Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ҷаноби Мирослав Ниязовро ба муносибати Сафир таъин шуданаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, изҳор намуд, ки бо таъин гардидани Шумо ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии ба мо дўст ва бародари Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо ба маҷрои сифатан нав ворид хоҳад шуд. «Мо ҷонибдори тақвият ёфтани муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамаи соҳаҳо ҳастем ва ба рушди бемайлони он дар давраҳои минбаъда умедворем», - гуфт Сайдулло Хайруллоев.Раиси ҶДРФТ изҳор дошт, ки ба хотири таҳким бахшидани дўстӣ байни миллатҳои тоҷику қирғиз дар назди ҶДРФТ Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» фаъолият мекунад, ки хушбахтона, то имрўз дар мустаҳкам гардидани  рафоқат байни мардумони мо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, барои боз ҳам бештар ошно намудани миллати тоҷик бо дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва адабиёти қирғиз бо ташаббуси Ҷамъияти мазкур намунаи асарҳои адиби машҳури қирғиз Чингиз Айтматов бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, ки рўзҳои наздик ба дасти хонандагони тоҷик хоҳад расид. Ҳамчунин, роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти намояндаи дигари барҷастаи   адабиёти миллати ғирғиз – «Манас» бо хатти алифбои арабиасос китобе омодаи чоп гардидааст.

Сайдулло Хайруллоев изҳор дошт, ки иқдоми чопи китоби мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик ба Манас ва эҷодиёти ў эҳтироми махсус қоиланд. Нашри ин китоб имконият медиҳад, ки ҳамаи форсизабонони дунё бори дигар бо Манас ва осори ў наздикии бештар пайдо кунанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаноби Мирослав Ниязов низ аз таъйин гардиданаш ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, аз ҷумла таъкид кард, дар рўзи супоридани эътимодномаи худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷаноби Олӣ ба ман эҳтиром ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд, ки ин маро хеле хушҳол намуд. Миллати тоҷику қирғиз аз умқи қарнҳо бо ҳамдигар алоқа ва муносиботи нек доранд ва хушбахтона, ин шеваи равобит то имрўз ҳифз шудааст.

Мирослав Ниязов таъкид кард, чунин муносиботи гарм боис гардид, ки мардумони мо акнун бо ҳамдигар пайванди хешутаборӣ гирифтаанд. 

15abde3c81505959f6d2610e3cdfbe51 XLСафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон аз баргузории мулоқоти имрўзааш бо Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамчун Сафир тамоми тадбирҳоро барои густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар хоҳад андешид. «Мо ба арзишҳои муштараке, ки дорем эҳтиром мегузорем ва дар доираи ин арзишҳо дўстии худро боз ҳам тақвият ва ҳамкориҳоро густариш медиҳем», - гуфт Мирослав Ниязов.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак бо иштироки аҳли фарҳанги Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ва ба ин васила табдил намудани марзҳои хеш ба «Сарҳади боварӣ» таъкид гардид.

Дар вохўрӣ Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» Мирзо Шукурзода ва муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова иштирок ва андешаҳои худро дар бораи тақвияти дўстиву ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии ду кишвар баён доштанд. 

 

 

МАҶАЛЛАИ «ДЎСТӢ»

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Сентябрь 2016 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30