Муаррифии китоби собиқадори Ҷамъияти дўстӣ

Автор 
Опубликовано:29 Май 2018
118 раз Последнее изменение Вторник, 29 Май 2018 11:16
Оцените материал
(1 Голосовать)

    
tj2      Қ
адршиносии афроди барўманди кишвар дар дили насли наврас ва ҷавон, ки орзуи хизмат ба халқу Ватан карданро доранд, муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои милливу фарҳангиро афзун мекунад.

    Давоми нимсолаи аввали соли 2018 бо ташаббуси намояндагии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҶӣ дар вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  ба истиқболи 60-солагии Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва ба муносибати Ҷашни 80-солагии арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ Бобосодиқова Гулҷаҳон муаррифии китоби «Нақши зиндагӣ» баргузор шуд.

   Маҳфили муаррифиро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сеюм, раиси Шўрои машварати иттиҳодияҳои Ҷамъиятии вилояти Суғд Ҳасанова Шуҷоат ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳаёту фаъолияти Бобосодиқова Гулҷаҳон муфассал маълумот дод.

   jd1Намояндаи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Нодирҷон Солиҷонов ба сухан баромада, муҳтавою мундариҷаи китоби «Нақши зиндагӣ»-ро мухтасаран бозгў намуд. Баъдан дар ташаккулёбии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ саҳми арзанда доштани сиёсатмадори варзидаро қайд карда, феълан ба ҳалли масъалаҳои гендерӣ рў овардани далели  донишу таҷрибаи васеи зиндагӣ доштани ў донист.

   Референти намояндаи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Султонов Латиф, номзади илмҳои тиб, намояндаи Ташкилоти байналмилалии «Насл» Маҳбуба Султонова, доктори илмҳои тиб, профессор Бахтиёр Ахмедов, шоира Муаттар ­Ғаниева дар бораи яке аз чеҳраи шинохтаи Ҷумҳурӣ собиқадори ҳизбию давлатӣ Бобосодиқова Гулҷаҳон сухан ронданд.tj21

  Дар поёни маҳфил Бобосодиқова Гулҷаҳон китоби «Нақши зиндагӣ»-ро ба  муовини директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  Мавзуна Ҳамробоева ҳадя кард.

  Бо иштироки оммаи васеъ доир шудани муаррифии китоби «Нақши зиндагӣ», ки аз ҳаёт ва фаъолияти Бобосодиқова Гулҷаҳон ба хонанда маълумот медиҳад, аз ҳамкории самарабахши масъулони Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд бо Ҷомеаҳои меҳнатӣ ва афроди дар ин самт фаъолияткардаву собиқадор дарак медиҳад. 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

dusti02

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Июнь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30