НАМОИШИ АКСЊО ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТ

Автор 
Оцените материал
(0 голосов)

 Бо ташаббуси Роњбарияти Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї ва намояндагї дар вилояти Суѓд  аз 15 то 20 ноябри соли 2017 дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоља Асирии шањри Хуљанд ба муносибати 25-солагии Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон намоиши зиёда аз 100 акс-асари узви Иттифоќи журналистони Тољикистон ва Федератсияи Россия, Аълочии фарњанги Тољикистон Шуњрат Ёров тањти увони «Дастовардњои Тољикистони соњибистиќлол дар аксњо» баргузор гардид.

Чорабиниро намояндаи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар вилояти Суѓд Нодирљон Солиљонов оѓоз карда, мењмонони чорабинї – роњбари филиали Намояндагии Россатрудничество дар шањри Хуљанд Иван Сергеевич Иванов, корманди масъули консулгарии Россия дар шањри Хуљанд Георгий Борисович Абканиев, корманди Бюрои байналмилалии адвокатњо Екатерина Суханова, намояндаи расмии вилояти Ўши Љумњурии Ќирѓизистон дар шањри Хуљанд Аскаралї Мирмахмедов, намояндаи маркази маърифатии «Маънавият»-и ўзбекони вилояти Суѓд шоир Љамшед Пирим ва дигаронро муаррифї кард.

Раиси бахши Суѓдии Иттифоќи рассомони Тољикистон Насиба Эшонова ба асарњои Шуњрат Ёров бањои баланд дод.  

Роњбари филиали Намояндагии Россатрудничество дар шањри Хуљанд Иван Сергеевич Иванов аз давъати ташаббускорони намоиш – Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї ва Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоља Асирї изњори хурсандї карда, њамзамон аз кушодашавии нињоди роњбарикунандааш дар шањри Хуљанд иттилоъ дод.

Намояндаи расмии вилояти Ўши Љумњурии Ќирѓизистон дар шањри Хуљанд Аскаралї Мирмахметов, сардабири маљаллаи «Паёми Суѓд», шоири шинохта Озарахш, Раиси Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар шањри Хуљанд Наим Маликисломов, шоиру муњаќќиќи маъруф Нуралї Нурзод ва дигарон оид ба гуногунрангї, инъикоскунандаи лањзањои љолиби њаёти иљтимої, сиёсї ва фарњангии Тољикистони соњибистиќлол будани аксњо, мањорати хуби аксбардор суханронї кард.

Номзади илмњои таърих, дотсент Сафаралї Эркаев дар суњбати худ ёдрасон шуд, ки дастовардњои дар аксњо инъикосшудаи Тољикистони мустаќил аз сулњу вањдати миллї, оромиву осоиштагї, пешрафти иќтисодиву фарњангї, ки аз Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон маншаъ мегирад, дарак медињад.

Донишљўёни факултети таърих ва њуќуќи ДДХ ба номи академик Бобољон Ѓафуров, собиќадорони хизмати давлатї, китобдорон, рўзноманигорон ва истифодабарандагони доимии Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоља Асирї андешањою мулоњизањояшонро дар бораи ин намоиш иброз доштанд.

Намояндагии Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар вилояти Суѓд тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ чунин чорабинињои фарњангиро дар сатњи баланд барои мустањкам намудани робитањои дўстии халќњо баргузор намояд.

 

 

 

Rahmatullo

Quisque interdum hendrerit molestie. Vestibulum adipiscing, tellus sit amet accumsan lobortis, Quisque interdum hendrerit molestie. Vestibulum adipiscing, tellus sit amet accumsan lobortis.

Сайт: www.smartaddons.com

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

dusti02

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Июнь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30