ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

Маҳфили рўнамоии шумораи навбатии Маҷаллаи «Дӯстӣ»

Опубликовано:30 Ноябрь 2016
1206 раз Последнее изменение Среда, 30 Ноябрь 2016 07:21
Оцените материал
(1 Голосовать)

Мањфили рўнамоии шумораи навбатии Маљаллаи «Дўстї»

01Дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Нодирљон Солиҷонов ва Латиф Султонов рўнамоии маҷмӯаи аќалиятњои миллї бо номи «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена» ва маҷаллаи «Дўстї» шумораи дуюми соли 2016-ро муаррифи карданд.

Дар муаррифӣ Намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Нодирљон Солиҷонов ва Латиф Султонов аз ҳадафи нашри маҷалла ва маҷмӯаи мазкур, мазмуну мундариҷаи онҳо ва саҳми ноширон дар густариши ғояҳои дӯстиву бародарӣ, инсонгароӣ ба иштирокчиён маълумот дода, зимнан ба саволҳои ҷолиби онҳо ҷавоби муфассал доданд.

01Намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд аз номи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якчанд нусха аз маҷаллаи «Дўстї» ва маҷмӯаи аќалиятњои миллї «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена» ба директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов барои мутолиаи истифода барандагон ҳадя намуданд.

Дар рӯнамоии маҷмӯаи аќалиятњои миллї «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена» ва маҷаллаи «Дўстї» кормандони Китобхонаи вилоятӣ, инчунин донишҷӯёни соли аввали таҳсили шуъбаи китобхонашиносии факултети санъати Донишгоњи Давлатии Хуљанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат карда, дар васфи дӯстиву рафоқат, сулҳу ваҳдат, Ватан-Модар гуфторҳо, порчаҳои шеърӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русї, англисӣ қироат карданд.

01Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ адабиётшинос Баҳром Мирсаидов, ҷонишинонони директори китобхонаи номбурда ва устодони факултети китобхонашиносии Донишгоњи Давлатии Хуљанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳакимова Мунира, Ахмедов Ањрор, сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Султонова Волида, сармуҳаррири шуъбаи табъу нашри китобхонаи мазкур Шодї Шарифов дар бораи арзишу мақоми маҷмӯаи аќалиятњои миллї «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена» ва маҷаллаи «Дўстї» изҳори назар карда, ба он баҳои баланд доданд.

01

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Октябрь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31