ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

Мулоқоти Сайдулло Хайруллоев бо Олег Иванов

Опубликовано:28 Сентябрь 2016
761 раз Последнее изменение Среда, 28 Сентябрь 2016 11:05
Оцените материал
(1 Голосовать)

17.08.2016 Раиси Рёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов Никалаевич мулоқот намуд.

 

  Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт, масъалаи тақвияти ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ дар доираи фаъолияти ҶДРФТ ва Сафорати Беларус дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.olegivanov2

  Сайдулло Хайруллоев ба Сафир барои пазируфтани даъват ва ташриф оварданаш ба идораи ҶДРФТ изҳори сипос намуда, мақсади баргузории мулоқоти имрӯзаро дар баробари баррасии масъалаҳои марбут ба равобити дуҷониба, ҳамчунин ошноии бештар бо дипломати беларусӣ арзёбӣ кард.

  Зикр шуд, ҳоло дар назди ҶДРФТ 23 Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекунад. Ҷамъияти дӯстии "Тоҷикистон - Беларус", ки дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон созмон ёфтааст, фаъолияти пурсамар дошта, дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ҶДРФТ ширкати фаъолона дорад. ҶДРФТ бо Сафорти Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории қавӣ дорад ва мо умедвор ҳастем, ки ин анъанаи равобит дар оянда низ идома меёбад. Фаъолияти ҶДРФТ ва Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Беларус дар ҳамон шакле, ки дар замони Шӯравӣ буд, бо тағйир то кунун нигоҳ дошта шудааст.

Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев аз таассуроти сафари худ ба Ҷумҳурии Беларус ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар ҷараёни ин сафар мулоқоти дуҷонибаи мо бо мақомоти баландпояи кишвари Беларус ва раёсати Ҷамъияти дӯстии ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Мо шодастем, ки ҳоло дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ факултети муштараки Тоҷикистон - Беларус фаъолият мекунад, ки дар тайёр кардани мутахссисони сатҳи баланд дар соҳаи техника ва технология нақши муассир мебозад.

Зикр шуд, ки ҳоло имконоти зиёди истифоданашудаи ҳамкорӣ мавҷуданд ва шароити истифода аз имконот барои ҳар ду ҷониб мавҷуд аст.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз ҳама, андешаҳои худро дар бораи пешрафтҳои ахири Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан тағйир ёфтани симои шаҳри Душанбе баён дошта, таъкид кард, ки ман 10-сол пеш ба шаҳри Душанбе омада будам ва ҳоло Душанбеи имрӯза аз Душанбеи 10-соли пеш бакуллӣ фарқ мекунад. Шаҳри Душанбе нисбат ба пойтахтҳои ҳамаи кишварҳои собиқ шӯравӣ рушди бештар дорад ва мо умедворем, ки дар солҳои оянда шоҳиди тараққиёти аз ин бештари пойтахти Тоҷикистон хоҳем шуд.

Ҷаноби Олег Иванов аз ҳамкории Сафорати Беларус бо ҶДРФТ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ин равобит дар оянда боз ҳам тақвият дода хоҳад шуд. Чорабиниҳои фарҳангии муштараке, ки Сафорати Беларус дар ҳамкорӣ бо ҶДРФТ баргузор менамояд, аз муносиботи хуб ва сатҳи олии ду ҷониб шаҳодат медиҳад. Сарчашмаи ин равобити дӯстона ин муносиботи нек ва бародаронаи Президентҳои ҷумҳуриҳои мо мебошанд. Дар баробари ин, мардумони тоҷику беларус аз солҳои қабл бо якдигар муносиботи самимӣ доранд ва ҳамаи ин барои тақияти ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар бораи равобити илмӣ ва донишгоҳӣ изҳори назар карда, Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Беларус дар Љумњурии Тољикистон илова намуд, ки њоло дар донишгоњњои олии кишвари мо 695 донишљўи тољик дар риштањои гуногун тањсил доранд. Дар ин замина мо метавонем њамкорињои худро дар бахши табодули донишљўён идома дињем. Махсусан таъсиси факултаи нав дар ниҳоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ин равобити н ҳамкориро дучанд хоҳад кард.

С. Хайруллоев оиди таҳим бахшидан ба фаъолияти Ҷамъити дӯстии "Беларус - Тоҷикистон" ибрози ақида намуд, барои ҷоннок шудани кор мусоидати Сафоратро хоҳан шуд. Ҷаноби Сафир ин пешниҳодро пазируфт.  

Дипломати беларусӣ дар идома таъкид кард, ки бар асоси тавофуќе, ки байни Сафорати Љумњурии Беларус ва Вазорати фарњанги Тољикистон њосил шудааст, ќарор аст, дар моњи оянда рўзњои фарњанги Тољикистон дар Љумњурии Беларус баргузор шавад. Бинобар ин, дар сурати ироаи пешнињоди ширкати ЉДРФТ дар чорабинии мазкур мо метавонем, дар барномаи баргузории ин чорабинии фарњангї таѓйирот ворид намоем.

Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Беларус дар Љумњурии Тољикистон Олег Иванов дар хотима таъкид кард, ки ба њайси Сафир аз тамоми таљриба ва дониши худ дар мавриди таќвияти њамкорињои дуљониба истифода хоњад кард.

Дар мулоќот муовини Раиси Раёсати ЉДРФТ Мушаррафа Шарифова, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон-Беларус» Анвар Абдурасулов ва котиби масъули ҷамъияти мазкур Исроил Мирзоалиев иштирок ва дар бораи таќвияти њамкорињои ЉДРФТ, Љамъияти дўстии «Тољикистон-Беларус» бо Сафорати Љумњурии Беларус дар Љумњурии Тољикистон андешањои худро баён доштанд.

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Август 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31