ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

ҚАДАМИ УСТУВОР БАРОИ РУШДИ РАВОБИТ

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
482 раз Последнее изменение Пятница, 09 Сентябрь 2016 11:32
Оцените материал
(1 Голосовать)

ТОҶИКИСТОН – ПОКИСТОН ҚАДАМИ УСТУВОР БАРОИ РУШДИ РАВОБИТ Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро ва ҳайати ҳамроҳонаш – муовини Сафир Муҳаммад Асламхон ва мушовири ӯ Рашид Ҷовид мулоқот ва масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиву адабиро баррасӣ кард.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, ба масъалаи ташвиқу тарғиби фарҳанг, расму ойин ва тамаддуни гузаштаву имрӯзаи Тоҷикистону Покистон дар миёни мардумони ду кишвар мароқ зоҳир карда шуд.

Раиси ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ба дипломатии покистонӣ дар бораи фаъолияти ин ниҳоди фарҳангӣ маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки ҶДРФТ дар чаҳорчӯбаи фаъолиятҳои худ бо зиёда аз 20 кишвари хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ҳамкории зич дошта, дар заминаи он Ҷамъиятҳои дӯстӣ таъсис додааст. Ҳадафи мо тақвияти ҳамкориҳои гуногунсоҳаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, муаррифии фарҳангу тамаддун, густариш бахшидани риштаҳои дӯстӣ, таъмини рафтуомади шаҳрвандони кишварҳои хориҷии бо ҷумҳурии мо ҳамкоридошта ба Тоҷикистон ва ҳамин тавр шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мамлакатҳо мебошад.

Сайдулло Хайруллоев раёсат ва аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон - Покистон» - ро ба Сафир шинос намуда, кори ҷамъияти мазкурро дар рушди равобити фарҳангии ду кишвар муассир арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба таъсис додани парвози ҳавопаймои мусофирбар миёни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод изҳори назар намуда, амалӣ гардидани ин иқдомро барои боз ҳам тақвият ёфтани дӯстиву бародарӣ ва густариши ҳамкориҳои тарафайн муҳим маънидод карданд.

Раиси Раёсати ҶДРФТ таъкид кард, иштироки нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Наввоз Шариф дар Ҳамоиши байналмилалии вобаста ба об, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, омили муҳим барои рушди равобити ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро низ аз пазироӣ ва мулоқот бо Раиси ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамчун Сафир барои амалӣ гардидани ҳамаи барнома ва тавофуқномаҳои байни ду кишвар имзошуда талош хоҳад кард.

Дипломати покистонӣ сатҳи равобити кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле хуб арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки аз густариш пайдо кардани ин муносибот дар оянда хушбин аст.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Исломиии Покистон дар оянда низ алоқаманди тақвият пайдо кардани ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо мебошад ва ҷиҳати даст ёфтан ба ҳамаи муваффақиятҳо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода хоҳад кард. 

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро аз мавҷуд будани Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон - Покистон» дар шаҳри Душанбе изҳори хушҳолӣ карда, таъкид намуд, ки ин ниҳоди дӯстӣ метавонад ҳамкориҳои худро бо ҷомеаи фарҳангии ду кишвар гутариш дода, ҳамчун пуле барои таҳкими дӯстӣ кӯмак намояд.

Дар мулоқот аз муносиботи дӯстонаи байни шоирони машҳури Тоҷикистону Покистон – Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмад Файз ёдоварӣ шуда, он намунаи олии дӯстӣ барои наслҳои имрӯзаву ояндаи ду кишвар арзёбӣ гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон - Покистон», ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар бораи фаъолияти Ҷамъият ва ҳамкориҳои он бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ҳамчунин раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон - Ҳиндустон» Ҳабибулло Раҷабов ва аъзои ин ҷамъиятҳо дар мулоқот  иштирок ва андешаҳои худро роҷеъ ба ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар баён доштанд.

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Июнь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30