ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

МАСИРИ ДЎСТӢ

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
458 раз Последнее изменение Пятница, 09 Сентябрь 2016 11:33
Оцените материал
(1 Голосовать)

Имрўз дар идораи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) мулоқоти Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мирослав Ниязов баргузор гардид.

Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ҷаноби Мирослав Ниязовро ба муносибати Сафир таъин шуданаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, изҳор намуд, ки бо таъин гардидани Шумо ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии ба мо дўст ва бародари Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо ба маҷрои сифатан нав ворид хоҳад шуд. «Мо ҷонибдори тақвият ёфтани муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамаи соҳаҳо ҳастем ва ба рушди бемайлони он дар давраҳои минбаъда умедворем», - гуфт Сайдулло Хайруллоев.

    Раиси ҶДРФТ изҳор дошт, ки ба хотири таҳким бахшидани дўстӣ байни миллатҳои тоҷику қирғиз дар назди ҶДРФТ Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» фаъолият мекунад, ки хушбахтона, то имрўз дар мустаҳкам гардидани  рафоқат байни мардумони мо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, барои боз ҳам бештар ошно намудани миллати тоҷик бо дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва адабиёти қирғиз бо ташаббуси Ҷамъияти мазкур намунаи асарҳои адиби машҳури қирғиз Чингиз Айтматов бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, ки рўзҳои наздик ба дасти хонандагони тоҷик хоҳад расид. Ҳамчунин, роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти намояндаи дигари барҷастаи   адабиёти миллати ғирғиз – «Манас» бо хатти алифбои арабиасос китобе омодаи чоп гардидааст.

    Сайдулло Хайруллоев изҳор дошт, ки иқдоми чопи китоби мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик ба Манас ва эҷодиёти ў эҳтироми махсус қоиланд. Нашри ин китоб имконият медиҳад, ки ҳамаи форсизабонони дунё бори дигар бо Манас ва осори ў наздикии бештар пайдо кунанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаноби Мирослав Ниязов низ аз таъйин гардиданаш ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, аз ҷумла таъкид кард, дар рўзи супоридани эътимодномаи худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷаноби Олӣ ба ман эҳтиром ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд, ки ин маро хеле хушҳол намуд. Миллати тоҷику қирғиз аз умқи қарнҳо бо ҳамдигар алоқа ва муносиботи нек доранд ва хушбахтона, ин шеваи равобит то имрўз ҳифз шудааст.

    Мирослав Ниязов таъкид кард, чунин муносиботи гарм боис гардид, ки мардумони мо акнун бо ҳамдигар пайванди хешутаборӣ гирифтаанд. 

 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон аз баргузории мулоқоти имрўзааш бо Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамчун Сафир тамоми тадбирҳоро барои густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ҳар ду кишвар хоҳад андешид. «Мо ба арзишҳои муштараке, ки дорем эҳтиром мегузорем ва дар доираи ин арзишҳо дўстии худро боз ҳам тақвият ва ҳамкориҳоро густариш медиҳем», - гуфт Мирослав Ниязов.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак бо иштироки аҳли фарҳанги Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ва ба ин васила табдил намудани марзҳои хеш ба «Сарҳади боварӣ» таъкид гардид.

Дар вохўрӣ Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» Мирзо Шукурзода ва муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова иштирок ва андешаҳои худро дар бораи тақвияти дўстиву ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии ду кишвар баён доштанд. 

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Август 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31