ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
578 раз Последнее изменение Пятница, 09 Сентябрь 2016 11:22
Оцените материал
(1 Голосовать)

Дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оқои Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ доир гашт. Мулоқот бо даъвати Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

 Сайдулло Хайруллоев оқои Фағониро ба муносибати Сафир таъйин шуданаш самимона таҳният гуфта, ба муносиботи ҳар ду кишвар баҳои нек дод ва аз пешомади ҳамкориҳо судманд изҳори итминон кард. 

Дар мулоқот масъалаи таҳким бахшидани ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар доираи ҶДРФТ баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди баррасии ҳамкориҳои бисёрсоҳа  ҳеҷ гуна мушкил вуҷуд надорад ва сол аз сол густариш пайдо кардани робитаҳои ду кишвар дар заминаҳои гуногун далели равшани ин гуфтаҳост.

Оқои Фағонӣ гуфт: “Ҳангоми ба ин вазифа таъйин шуданам Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Ҳасани Руҳонӣ таъкид кард, ки Шуморо ба Тоҷикистон на чун сафире, ки ба як давлати ғайр меравед, равон мекунем, балки Шумо ба хонаи дуюми худ меравед». Дар давоми суҳбаташ афзуд, ки сафирони пешин – оқои Алиашраф Шабистарӣ, Сармади Порсо ва доктор Алиасғари Шеърдўст иртиботашон бо Тоҷикистон қавист, нисбати он назари нек доштанд, ва доранд.

С. Хайруллоев аз иртибот ва ҳамкориҳои Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, махсусан аз рафоқаташ бо Сафирони номбурда ёдовар шуда, ба оқои Садрӣ – кордори сафорат ғоибона изҳори ташаккур кард.

Раиси Раёсати ҶДРФТ С. Хайруллоев зимни сўҳбат дар бораи роҳҳои тавсиаву густариши робитаву ҳамкориҳои ду кишвар пешниҳодҳои мушаххас баён намуд. Ў нақши донишмандони ду кишварро дар тарғибу ташвиқи осори адибону мутафаккирон ва фарҳангу тамаддуни ҳар ду халқ муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрўза ҳамкориву ҳамдигарфаҳмиро байни донишмандони тоҷику эронӣ, байни мардумони ду кишвар тақвиятбахшидан барсалоҳи кор хоҳад буд. Мо бояд заминаи мусоиди равобити тарафайнро бештар фароҳам оварем. Албатта, тайи солҳои охир кўшиши густариш додани равобит бештар ба назар мерасад, вале ба андешаи ман, мардумони мо, махсусан олимону донишмандон ташнаи ҳамкориву рафтуомади бештар ҳастанд. “Барои амалӣ гардидани робитаҳои босамар дар доираи салоҳияти худ мусоидат хоҳад кард», хулоса кард ў. 

Оқои Фағонӣ иттилоъ дод, ки имсол ҳам чорабини ҳарсолаи «Намоиши китоб» на дар Теҳрон, балки дар шаҳри Ҳамадон доир хоҳад гашт, чун имсол ҳам дар Эрон ва ҳам дар Тоҷикистон  ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ эълон шудааст ва ғайра аз ин, шаҳри Кўлоб бо Ҳамадон бародаршаҳранд. Ғайр аз ин, омадани як ҳайати баландпоя баҳри иштирок дар Ҷаласаи бахшида ба об, ки омадани ҳайатҳо таҳкимбахши воқеии равобити ҳасанаи ду кишвар дар назараст. 

 С. Хайруллоев ҳам дар тақвияти ин гуфтаҳои оқои Фағонӣ аз сафарҳои хеш ба Эрон дар ҳайати намояндагиҳои ҳам Парлумон, ҳам ҶДРФТ, аз мулоқоташ бо шахсиятҳои машҳур хотираҳои нек байён кард. 

Оқои Фағонӣ дар мавриди таассуроташ аз кишвари мо чунин иқрор дошт: «Вақте ба Тоҷикистон омадам, фикр мекардам, ки мардуми ин ҷоро аз бомдоди таърих мешиносам». 

С. Хайруллоев зарурати омўхтани алифбои ниёгон, дастраси ҳамагон будани онро таъкид карда гуфт, ки кўшиши баргаштан ба рисолати хеш, ҳифзи фарҳангу мероси хеш яке аз самтҳои сиёсати давлат  буда, дар ҳаёти ҷомеа татбиқ шуда истодааст.

Дар мулоқот Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Эрон» Мирзо Муллоаҳмадов иштирок ва андешаҳои худро роҷеъ ба ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар изҳор дошт.

                      Мулоқот дар фазои хеле самимӣ, ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт.

 

 

 

 

 

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Октябрь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31