ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

«РӮЗҲОИ СИНАМОИ ЧИН» ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ШУД

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
358 раз Последнее изменение Пятница, 09 Сентябрь 2016 11:05
Оцените материал
(0 голосов)

Аз 29 январ то 2 феврали соли ҷорӣ дар толори синамои Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» «Рӯзҳои синамои Чин» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ доир карда шуд.

 

Тавре Директори Маркази Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳамрохон Дӯстов зимни ифтитоҳи «Рӯзҳои синамои Чин» дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, чорабинии мазкур бо мақсади ошноии бештар пайдо кардани шаҳрвандони Тоҷикистон бо санъату ҳунари киноматографистони Ҷумҳурии Халқии Хитой, шеваи истеҳсол ва рӯи навор овардани филмҳо, ҳунари волои ҳунармандони чинӣ, дар ин замина мушоҳидаи табиати зебо ва маконҳои таърихии ин кишвар тавассути филмҳо доир карда шудааст.

Сипас, ҳамсари Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Чао Янг Ронг зимни суханронии худ дар назди ҳозирон аз мавҷуд будани фазои мусоиди ҳамкорӣ ва муносиботи байни кишварҳоямон, ки намунаи шоистаи амалу ҳамкории муваффақона аст, ёдрас шуд. Ӯ зикр намуд, ки имрӯз ин муносибатҳо дар сатҳи баланди рушду густариш қарор доранд. Дар баробари тақвият ёфтани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар арсаҳои сиёсату иқтисод, ҳамчунин равобити фарҳангии ду кишвари ҳамсоя ва дӯст дар ҳоли густариши бесобиқа қарор дорад.

Хонум Чао Янг Ронг баргузории «Рӯзҳои синамои Чин» дар шаҳри Душанберо намунаи шоистаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши фарҳанг, аз ҷумла соҳаи кино арзёбӣ намуд. 

Раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой», Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Хуршед Зиёев низ ҳангоми суханронӣ ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар ҳамаи бахшҳо муҳим маънидод намуд. Ӯ зикр кард, ки дар даврони истиқлолият робитаҳои фарҳангӣ ва адабии Чин ва Тоҷикистон ҳамқадам бо ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвари тоҷикон равнақ ёфта истодааст.

Дар ин раванд саҳми Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой» хеле назаррас аст. Баъди суханрониҳо филми мустанад бахшида ба фарҳангу тамаддуни Чин ва филми бадеии «Устоди бузург» намоиш дода шуд.

 

 

 

 

 

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Июнь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30