ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ҲИНДУСТОН» БАРГУЗОР ШУД

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
499 раз Последнее изменение Пятница, 09 Сентябрь 2016 10:48
Оцените материал
(0 голосов)

Дар Китобхонаи Индра Гандӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» баргузор гардид, ки дар он ду масъала – Ҳисоботи Раиси Ҷамъият ва Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2015 баррасӣ шуд. 

 

Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» профессор Ҳабибулло Раҷабов дар бораи фаъолияти яксолаи Ҷамъияти мазкур гузориш дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» дар давраи ҳисоботи дар асоси нақшаи тасдиқшуда, ки аз 15 номгўи чорабинӣ иборат буд, фаъолияти худро ба роҳ монд. Зикр шуд, ки Раиси Ҷамъияти мазкур бо даъвати Академияи адабиёти Тамил Надуи музофоти Андҳра Прадеш дар шаҳри Ченайи Ҳиндустон дар конфронси илмӣ баромад намуда, дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон суханронӣ кард. Ҳамчунин матни суханронӣ ва мусоҳибаҳои алоҳидаи Раҷабов Ҳ. дар шабакаҳои интернетӣ ва ВАО-и Ҳиндустон чоп шуд. 

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷумла дар таърихи 25 январи соли 2014 дар кафедраи филологияи ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ бахшида ба рўзи Республика эълон шудани Ҳиндустон бо иштироки устодон, донишҷўён ва алоқаманди санъату фарҳанги ин кишвари афсонавӣ ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар баробари иштирок намудани дигар аъзои Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, ҳамчунин вохўрии Раиси Ҷамъият бо меҳмомнон ва кормандони Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Вобаста ба Рўзи истиқлолияти Ҳиндустон дар майдони варзишии «Спартак» бо ташаббуси узви фаъоли раёсати Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» Заррина Раҳматуллоева барномаи калони фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Аз ҷумла, рузи 18 август Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» Раҷабов Ҳ. дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «нишасти сеҷониба» бо иштироки Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Аситҳ Бхаттачарҷӣ ва дигар меҳмонони ҳиндустонӣ иштирок ва дар мавзўи «Дурнамои муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон» баромад кард. Номбурда ҳамчунин дар Сеюмин конференсияи байналмилалии «Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ», ки 10 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок ва дар мавзўи «Масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар марҳилаи кунунӣ» баромад намуд. Мақолаи ў бо номи «Муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон» ба забони англисӣ дар нашрияҳои Ҳиндустон чоп шудааст.

Дар баромади Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» Раҷабов Ҳ. ҳамчунин зикр шуд, ки ҷонишини раиси Ҷамъияти мазкур Алла Аслиддиновна бахшида ба ҷашнҳои гуногуни Ҳиндустон ва ёдбуди шахсиятҳои барҷастаи ин мамлакат мунтазам дар китобхонаи Индира Гандӣ намоиши китобҳоро ташкил менамояд. Иди Ҳолӣ, ки ташкилкунандаи баргузории он Заррина Раҳматуллоева буд, дар ДМТ дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуд. Кафедраи филологияи Ҳинди ДМТ дар гузаронидани чорабиниҳои «Иди Ҳолӣ», «Рўзи забони ҳиндӣ», «Шоми назми ҳиндӣ» ва дигар маросими фарҳангӣ хеле фаъол мебошад.  

Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ бахшида ба 100-солагии яке аз адибони бузурги Ҳиндустон Кришан Чандар гузаронида шуд.

Ҳамин тариқ, Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» дар соли 2014 мутобиқи нақша амал намуда, барои мардуми тоҷику ҳиндиро бо таърих, фарҳанг, забон ва урфу одати ҳамдигар бештар ошно намудан талошҳои зиёд кард.

Нуқтаи дигаре, ки дар суханронии Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» Раҷабов Ҳ. садо дод, ин буд, ки мутаассифона ҳайати нави Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ки се соли пеш ба фаъолият оғоз намуда буданд, чандон ба ҳамкорӣ бо Ҷамъият алоқаманд нестанд ва ширкат накардани онҳо дар ҷамъомадҳои мо аз камтаваҷҷўҳии онҳо шаҳодат медиҳад. Ба ҳар ҳол изҳори умедворӣ карда шуд, ки фаъолияти Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» дар оянда боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дигар аъзои Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон», аз ҷумла Ҳунарпешаи шинохта Марям Исоева, профессор Парвона Ҷамшед, Алла Аслидиновна, Музаффар Олимов, Заррина Раҳматуллоева ва дигарон баромад намуда, фаъолияти Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» дар соли 2014 – ро муассир арзёбӣ намуданд. Дар хотимаи нишаст нақшаи чорабиниҳо барои соли 2015 тасдиқ гардид. 

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Август 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31