ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

РАИСИ АНҶУМАНИ ДЎСТИИ «ЭРОН – ТОҶИКИСТОН»

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
700 раз Последнее изменение Пятница, 09 Сентябрь 2016 10:41
Оцените материал
(0 голосов)

РАИСИ АНҶУМАНИ ДЎСТИИ «ЭРОН – ТОҶИКИСТОН» ДАР ҲУЗУРИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛООЕВ 0 – уми октябри соли 2014 Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев бо Раиси Анҷумани дўстии Эрону Тоҷикистон ҷаноби Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, ки имрўзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.

Раиси Раёсати ҶДРФТ нақши ҷаноби Шабистариро ҳамчун Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар густариши муносиботи соҳаҳои гуногуни ҳарду мамлакат муҳим арзёбӣ намуд. 

Сайдулло Хайруллоев дар идома тазаккур дод, ки Раёсати ҶДРФТ умедвор аст, ки ин ташриф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвари дўсту бародарро дар чаҳорчўбаи Анҷуманҳои дўстии мамлакатҳоямон боз ҳам таҳким мебахшад. Дар ин замина Раёсати ҶДРФТ дар доираи салоҳияти худ мусоидати ҳамаҷониба хоҳад намуд.

Раиси ҶДРФТ натиҷаи мулоқоти худ бо ҷаноби Шабистариро, ки чанд рўзи пеш дар доираи сафараш ба Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардида буд, муассир ҳисобида, вохўрии имрўзаро қадами навбатӣ барои рушди муносиботи Анҷумани дўстии Эрону Тоҷикистон бо ҶДРФТ арзёбӣ кард.

Раиси Анҷумани дўстии Эрону Тоҷикистон ҷаноби Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ низ вохўрии имрўзаи худ бо Раиси Раёсати ҶДРФТ – ро барои таҳкими ҳамкориҳои ду ниҳоди фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон муҳим маънидод намуд. Номбурда аз сафари худ ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ёдовар шуда, ҳамчунин дар бораи мулоқоту вохўриҳояш бо Раиси вилояти мазкур ва аҳли илму адаби он нақл намуд.

Ҳарду ҷониб аз вохўрии имрўза ва ҷараёни баррасии масъалаҳои марбут ба фаъолияти тарафайни анҷуманҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Дар вохўрӣ Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Эрон» Мирзо Муллоаҳмадов ва муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова иштирок ва андешаҳои худро роҷеъ ба ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар изҳор доштанд.   

 

 

 

 

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Август 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31