ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

ТАЪСИСИ ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ФАРОНСА»

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
575 раз Последнее изменение Пятница, 09 Сентябрь 2016 10:33
Оцените материал
(0 голосов)

ТАЪСИСИ ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ФАРОНСА» ДАР МУЛОҚОТ БО САФИР БАРРАСӢ ШУД Дар Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) мулоқоти Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Лёруа баргузор гардид.

Ба вохўрии мазкур ҳамчунин Ректори Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, мудири кафедраи забони фаронсавии ин Донишгоҳ низ даъват шуда буданд.

Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо хоҳиши дипломати фаронсавӣ нахуст дар бораи таърихи фаъолияти Ҷамъият маълумот дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки айни ҳол дар назди Ҷамъияти мазкур 19 Ҷамъияти дўстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият дорад. «Мақсади асосии ин Анҷуманҳо таҳким бахшидани дўстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ ва илмиву адабӣ байни кишварҳои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад», - гуфт Сайдулло Хайруллоев. Дар мулоқот бештар ба масъалаи таъсис додани Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Фаронса» мароқ зоҳир карда шуд. Зикр гардид, ки Раёсати ҶДРФТ тасмим дорад, дар назди худ Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Фаронса»-ро созмон диҳад. Таъсиси чунин Ҷамъият барои ташвиқу тарғиби дастовардҳои фарҳангӣ, илмӣ, соҳаи санъат ва дигар соҳаҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Фаронса мусоидат менамояд. Дар доираи созмон додани ин ниҳоди фарҳангӣ ҳамкорӣ байни олимону донишмандони Тоҷикистону Фаронса ба роҳ монда шуда, ҷиҳати табодули таҷрибаи ҳамдигар дар бахши илм нақши муҳим хоҳад дошт. 

Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев таъкид кард, ки Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҳикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар заминаи таъсиси ҷамъиятҳои дўстӣ бо кишварҳои  хориҷие, ки дар Тоҷикистон Сафоратхона доранд, таҷрибаи кофӣ дорад ва мо умедвор ҳастем, ки  Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Фаронса» низ бо истифода аз ин таҷриба дар рўзҳои наздик таъсис дода хоҳад шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дидйе Лёруа иқдоми Раёсати ҶДРФТ–ро дар мавриди созмон додани  Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Фаронса» барои тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи соҳаи фарҳангу илми ду кишвар муҳим арзёбӣ кард. 

Мавсуф изҳор дошт, ки: «Ман ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин иқдоми муҳим ҷонибдории амиқ менамоям ва аз тамоми имконоти дар ихтиёр доштаам истифода мекунам, то Ҷамъияти мазкур ҳар чи зудтар таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз намояд». 

Дар мулоқот муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарипова сухан ронда, шохаҳои дигари фаъолияти ҶДРФТ, аз ҷумла намояндагиҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҳамкориҳо бо ақаллиятҳои миллиро шарҳ дод. Номбурда дар бораи огаҳии комили аҳли зиёи ҷумҳурӣ аз таъриху фарҳанги Фаронса изҳори андеша намуда, таъкид кард, ки мардуми тоҷик аз адабиёт ва фарҳанги миллати франсуз тавассути як идда осори ба забони русӣ тарҷумашуда ва филмҳои гуногуни ҳуҷҷатӣ огаҳии бештар доранд.

Ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва мудири кафедраи забони фаронсавии ин Донишгоҳ  низ дар бораи моҳияти таъсиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Фаронса» изҳори назар намуданд.

Последнее от

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Июнь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30