ФОРУМ ВА ФЕСТИВАЛИ ДӮСТӢ

Автор 
Опубликовано:08 Сентябрь 2016
2361 раз Последнее изменение Четверг, 08 Сентябрь 2016 16:58
Оцените материал
(0 голосов)

Рӯзҳои 22 ва 23 октябри соли 2015 бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) дар ҳамкорӣ бо намояндагии Россотрудничество ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Сафорати Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҷамъиятҳои дӯстии Тоҷикистону Россия ва дигар кишварҳои ИДМ ва Фестивали сеюми донишҷӯён таҳти унвони "Тоҷикистон-Россия: Гуфтугӯи миллатҳо, муколамаи фарҳангҳо" баргузор гардид.

  

 

 

Чорабинии мазкур, ки бо иштироки сафирон ва намояндагони як қатор давлатҳо, аъзои Раёсат ва фаъолони ҶДРФТ, роҳбарони ҷамъиятҳои алоҳидаи назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, роҳбарону аъзои иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон бо фарогирии доираи васеи донишҷўёни хориҷӣ ва дохилии муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе, намояндагони ВАО ва дигар даъватшудагон доир карда мешавад, ба 70-солагии Fалаба дар ҶБВ солҳои 1941–1945 ва 90-солагии Россотрудничество бахшида шуд.

         

Ҳамоиши мазкур рӯзи 22 октябр дар маҷлисгоҳи Маркази илму фарҳанги Россия "Россотрудничество" бо фарогирии масъалаи "Россия - 90 соли дипломатияи мардумӣ" баргузор гардид.

 

То оғози баргузории Форуми мазкур дар саҳни бинои Россотрудничество барномаи консертӣ бо иштироки гурӯҳи мусиқичиёни Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва хонандагони муассисаи таълимии №75 шаҳри Турсунзода доир карда шуд.

         Сипас, дар даромадгоҳи Маркази илму фарҳанги Россия маросими ифтитоҳи намоишгоҳи рассоми ҷавон Дӯстназар Азизов ҷараён гирифт. 

         

Баъдан Форум ба кори худ шурӯъ намуд. Форумро роҳбари Маркази илму фарҳанги Россия (Россотрудничество) Владислав Курнушко ифтитоҳ намуда, суханро ба Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев дод.

         Сайдулло Хайруллоев дар бораи 90-соли фаъолияти пурсамари Марказ ва ҳамкориҳои он бо ҶДРФТ сухан гуфта, ҳамзамон таъкид кард, ки ин сеюмин Форуми ҷамъиятҳои дӯстӣ мебошад, ки ба тақвияти минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқу миллатҳои гуногун, ҳамгироии байни миллатҳо ва минтақаҳо равона гардидааст.

         "Ин самти асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад,- таъкид кард Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ва илова намуд, ки Форуми мазкур як нерӯи баробар бо мақомоти давлатӣ мебошад, ки ба самти пешравию шукуфоӣ қадамҳои устувор бардоштааст.

         Сипас, Сафири Фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.С. Лякин-Фролов дар бораи рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Россия ва нақши Маркази илму фарҳанги кишвараш дар Тоҷикистон дар тақвияти ин ҳамкориҳо суҳбат кард. Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ ба фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ таҳти раёсати Раиси Раёсати Он Сайдулло Хайруллоев баҳои баланд дода, ҳамзамон иброз дошт, ки ҶДРФТ дар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои гирди ҳам ҷамъ шудани намояндагони қавму миллатҳои гуногун, боз намудани роҳи муколамаи сулҳ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши арзанда дорад. Ташкил намудани Форуми мазкур ва Фестивали дӯстии донишҷӯён, конфронсҳои илмиву амалӣ, ки бо ташаббуси ҶДРФТ баргузор мешаванд, барои таҳкими дӯстӣ ва бародарии халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ва берун аз он мусоидат менамояд.

 

     Сипас Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ К. Гасанов дар баромади худ саҳми ҶДРФТ-ро дар шинос намудани миллатҳои гуногун бо урфу одати якдигар, ҳамгироии қавму халқиятҳои муқими Тоҷикистон, ақаллиятҳи миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

     Дигар ширкаткунандагони Форуми мазкур, аз ҷумла узви Раёсати ҶДРФТ Султон Мирзошоев, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии "Тоҷикистон - Россия" ва профессори ДМТ Меҳринисо Нағзибекова, роҳбари гурӯҳи ихтиёрони ҳарбӣ-иктишофии "Памят - 201" Ғафур Шерматов, Ректори Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон Нуралӣ Салихов, академики АИ ҶТ Леонид Михайлов ва дигарон зимни суханрониҳои худ роҷеъ ба фаъолият ва ҳамкориҳояшон бо ҶДРФТ изҳори андеша карданд.

    

Дар идомаи Форум Мавлюда Шарипова - сармуҳаррири маҷаллаи "Дӯстӣ" дар бораи инъикоси фаъолияти Россотрудничество ва ҳамкориҳои густурдаи он бо ҶДРФТ, ки дар саҳифаҳои нашри навбатии ин маҷалла ба нашр расидааст, ба ҳозирон маълумот дода, ҳамзамон таъкид кард, ки раёсати ҶДРФТ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Россия дар Тоҷикистон нашри махсуси маҷаллаи "Дӯстӣ"-ро, ки ба муносиботи дипломатии ду кишвар бахшида шуда буд, нашр кардааст.

Дар интиҳои ин Форум маҷмӯаи ашъор бо номи "Единство многообразия" қисман рӯнамоӣ шуд, ки дар маросими рӯнамоии он чанд муаллифи шеърҳо, аз ҷумла Хосият Каст, Рустам Каримов, Таскира Мирхайдарова, Сангин ва дигарон баромад намуданд.

     Донишҷӯёни ДМТ Валов Владислав ва Расулова Мавлуда бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ суруд хонданд.

     

Рӯзи 23 октябр Форуми мазкур дар шакли Фестивали сеюми донишҷӯён бо номи "Тоҷикистон - Россия. Гуфтугӯи миллатҳо, муколамаи фарҳангҳо" дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино идома ёфт.

     Дар Фестивали мазкур, ки дар фазои дӯстӣ ва бародарӣ баргузор шуд, Сафири Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокасим Шоисломов, котиби якуми Сафорати Россия дар Тоҷикистон Виктор Харченко, хонуми Сафири Покистон дар Тоҷикистон Мария Сумро, сардори раёсати илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёев, ҳайати устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ректорони як қатор донишгоҳҳои олии кишвар ва иҷрокунандаи вазифаҳои Директори намояндагии донишгоҳҳои Россия дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

     Фестивал беш аз 300 донишҷӯёни хориҷиро, ки дар муассисаҳои гуногуни таълимии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, даври ҳам ҷамъ овард.

     Фестивалро Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, профессор Убайдулло Қурбон ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории ин чорабинӣ барои таҳким ёфтани дӯстӣ миёни донишҷӯёни хориҷӣ, ошноии бештар пайдо кардан аз фарҳанг ва расму ойини якдигар мусоидат менамояд.

      

Дар ин Фестивал ҳамчунин роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Владислав Курнушко ва муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарипова баромад намуданд.

     

Фестивал бо баргузории намоишҳои ҷолиб, бахшҳои мусиқӣ идома ёфта, бо қироати шеъру суруд бо забонҳои гуногун ба поён расид.

 

Дар интиҳои Форум ва Фестивал ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ, ки аз ҷониби ҶДРФТ таъсис шуда буд, тақдим гардид. 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Ноябрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30