ЧИТАЙТЕ:
ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:30
ПРЕДСЕДАТЕЛИ ОБЩЕСТВ ДРУЖБЫ С ... - Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:17

ФАРЗАНДИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН

Автор 
Опубликовано:08 Сентябрь 2016
2180 раз Последнее изменение Четверг, 08 Сентябрь 2016 14:32
Оцените материал
(0 голосов)

Санаи 10 августи соли 2015 фарзанди шарифи Тоҷикистон, ходими намоёни сиёсию ҷамъиятӣ, дипломати варзида ва соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ, Раиси Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев 70-сола мешавад.

Сайдулло Хайруллоев ҳамчун нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон поягузор ва асосгузори парламенти касбии мамлакат ба ҳисоб меравад. Мардум ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ўро ҳамеша чун роҳбари ғамхору пуртаҷриба ва сиёсатмадори шинохта ёдоварӣ мекунанд.

Сайдулло Хайруллоев панҷ даъват вакили парлумон ва дар ду даъват Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Коршиносони масоили сиёсӣ ўро шахсияти нотакрор номидаанд. Сайдулло Хайруллоев шахсиятест, ки дар кураи зиндагӣ обутоб ёфта, дар тамоми кору вазифаҳои масъулу баландпоя таҷриба андўхта, заркору гавҳаршинос, инсони поку комил гардидааст.


Маҳз ҳамин таҷрибаи зиёду ғании ӯро дар арсаи сиёсат ба эътибор гирифта, соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба поён ёфтани ваколати вакилии ин чеҳраи муҳими сиёсӣ меҳнату заҳмат ва хизматҳои шоистаи Сайдулло Хайруллоевро қадрдонӣ намуда, чунин таъкид карда буд: «Мо аз хизматҳои Сайдулло Хайруллоев дар муҳити сиёсии мамлакат самимона қадрдонӣ менамоем ва дар оянда низ аз таҷрибаи ин чеҳраи сиёсӣ барои наслҳои минбаъда истифода хоҳем кард». Ҳамин таҷрибаи баланди корӣ буд, ки имрўз Сайдулло Хайруллоев маҳбуби дилҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа гардида, ҳатто дар солҳои бознишастагиаш низ раёсати яке аз идораҳои муҳими давлатиро бар уҳда дорад. Ӯ яке аз чеҳраҳои тобони олами сиёсат дар кишварамон ба ҳисоб меравад.


Сайдулло Хайруллоев ба ҳайси Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, ки аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, нақши муассир гузоштааст. Маҳз бо кӯшиши бевоситаи ў ва вакилони ҳамонвақтаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти намояндагӣ ва қонунгузор ба давраи нави инкишофи парламентаризми муосир дохил шуд.


Сайдулло Хайруллоев, ки то омаданаш ба парлумон обутоби сиёсӣ ёфта буд. Ӯ барои насли имрўза ва ояндаи кишвар мактаби бузурги омўзиш аст. Номбурда ҳоло ҳам нисбат ба худ ва онҳое, ки ўро дар муҳити кор иҳота кардаанд, серталаб аст. Таҷрибаи бузурги ҳаётӣ ва кордонӣ ба ў имкон медиҳад, ки гиреҳи ҳама гуна мушкилотро ба осонӣ кушояд. 


Дар давраи раисии Сайдулло Хайруллоев дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони ҳамонвақта тағйироти бунёдиро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дарк намуда, зарурати таҳаввулоти бисёрҷонибаи ҳаёти ҷомеаро дар қонунҳои қабулкардаашон инъикос мекарданд. Мавзӯъҳои худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ваҳдати мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар андешаи вакилон қарор гирифта буданд.


Сайдулло Хайруллоев пайваста тамоми фаъолияти вакилони парлумонро ба он равона мекард, ки демократия ва риояи қонун барои ҳама баробар татбиқ шавад, қонуну қонуният дар ҷумҳурӣ амалӣ гардад ва пеши роҳи ҳама гуна қонунвайронкуниҳо гирифта шавад.


Маданияти баланди сарвар, инсондуст, меҳрубонӣ, софдилӣ, хушмуомилагӣ, самимӣ будан аз ҷумлаи хислатҳое мебошанд, ки Сайдулло Хайруллоевро инсони комил гардонидаанд. Ў нисбат ба мутахассисони ҷавон бо ҳисси меҳрубонӣ ва ғамхорона муносибат намуда, дар симои онҳо кадрҳои болаёқати ояндаро мебинад.


Сайдулло Хайруллоев дар Маҷлиси намояндагон тавонист як мактаби камолоти бузурги зиндагиро ба вуҷуд оварад, ки дигарон метавонанд аз ин мактаб баҳра баранд. Дар давраи сарварии ӯ Маҷлиси намояндагон чун мақоми олии қонунбарор, дар ҳақиқат, яке аз ғанитарин сарчашмаҳои қонунгузорӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Таносуб ва ҳамоҳангсозии кори бахшҳои гуногун дар он ба қадре дақиқ поярезӣ шудаанд, ки дар маҷмӯъ, як пойгоҳи устувори ҳуқуқӣ ва таърихи комилеро дар танзими паҳлуҳои гуногуни ҳаёти инсон ва тадбири умури зиндагӣ ба вуҷуд оварда тавонистааст.


Сайдулло Хайруллоев аз ҷумлаи он забардастонест, ки барои халқу ватанаш софдилона ва фидокорона хизмат кардааст. Адолатпешагиро шиори кору зиндагияш қарор додааст. 


Сайдулло Хайруллоев хислатҳои наҷиби ҷавонмардиро аз падари бузургвораш омўхтааст. Шодравон бобои Хайруллоро то кунун мардуми деҳаи Муллобадал ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бо эҳтиром ба ёд меоранд. Эшон, ки хизматчӣ буданд, аз зумраи он шахсиятҳои таърихие ба ҳисоб мерафтанд, ки дар сохтани мактабҳову ободонии чанд ҷамоати деҳот ва кушодани роҳҳои мошингарди ин мавзеъҳо саҳми арзанда гузошта буданд. 


Сайдулло Хайруллоев каломи бадеъро дўст медорад. Ашъори Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Саъдии Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва ашъори адибони муосирро бештар мутоила менамояд. 
Дар бораи ин шахсияти барҷаста ҳар қадаре суҳбат намоему китобҳо иншо созем, ҳанӯз ҳам кам аст. Хидматҳои бузурги Сайдулло Хайруллоев арзиши достонҳои зиёдеро дорад. 


Ин ҷо мо танҳо ҳаминро таманно карданием: Шумо, Сайдулло Хайруллоев, фарзанди шарифи Тоҷикистон, сиёсатмадори бузург, ходими намоёни сиёсию ҷамъиятӣ, арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ, дипломати варзида ва соҳибтаҷрибаи ҷумҳурӣ, нахустраиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, поягузор ва асосгузори парламенти касбии мамлакат, шахси хирадманду накўкор, пири батадбир, яке аз муборизони фаъоли сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, инсони комил, шахсияти хидматкарда ба Ватан ва маҳбуби ҳамагонро самимона бо ҷашни мубораки 70–солагиатон таҳният мегўем.


Шумо аз ҷумлаи он абармардонед, ки саропо дорои ифтихори миллии тоҷикона буда, тамоми ақлу дониш ва таҷрибаи андўхтаи худро сарфи шукуфоии кишвари азизамон кардаед. Зиндагиномаи Шумо ҳамчун шахсияти барҷаста саропо намунаи ибрат буда, омӯхтанист.


Шумо ба ҳайси Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар таҳкими дўстии байни қавму миллатҳо ва тақвияти фаъолияти ҶДРФТ саҳми арзанда доред. ҶДРФТ дар тӯли мавҷудияти худ шоҳиди раисе мисли Шумо набуд, зеро интихоби Шумо ба унвони Раиси Раёсати ҶДРФТ тағйироти куллӣ ва ҷиддиеро дар фаъолияти ин ниҳоди ҷамъиятиву фарҳангӣ ба вуҷуд овард. Таъсиси зиёда аз 20 Ҷамъияти дӯстии дар назди ҶДРФТ амалкунанда, мулоқоту вохӯриҳои ҳаррӯзаатон бо Сафирони мамлакатҳои хориҷӣ, чеҳраҳои намоёни фарҳангии кишварҳои гуногун, олимону ходимони барҷастаи соҳаҳои мухталифи мамолики ҷаҳон нишонаи соҳиби эҳтиром будан ва маҳбубият доштани Шумо ҳатто дар хориҷ аз кишвар аст.

Шумо дар давоми фаъолияти чандинсолаи худ дар соҳаҳои гуногуни  кишвар, бахусус дар бахши таҳкими сулҳу субот нақши муассир доред. Соҳаи сиёсиву фарҳангии мамлакатро бидуни хидматҳои арзандаи Шумо тасаввур карда намешавад. Нашри китобҳову асарҳо ва мақолаҳои сершумори Шумо илму маориф ва фарҳанги мамлакатро ғанитар кардаанд.
Ҳар ҳамватани мо аз заҳмату талошҳои Шумо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷумҳуриамон бахубӣ огаҳанд ва номи пурарзишатон дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун фарзанди фарзона ва ходими барҷаста абадан сабт хоҳад шуд. 
Хидматҳои барҷастаи Шумо, Сайдулло Хайруллоеви муҳтарам, дар дилу дидаи миллат абадан боқӣ хоҳанд монд.


Сарфароз гардидани Шумо ба мукофотҳои олии давлатӣ нишонаи қадрдонии заҳмату кўшишҳоятон дар тамоми соҳаҳо мебошад. 
Бароятон хушбахтиву сиҳатмандӣ, хуррамиву сабзии рўзгор, пешрафту шукуфоӣ, баракати умр ва зиндагии хушу хуррамро таманно менамоем

Super User

Quisque interdum hendrerit molestie. Vestibulum adipiscing, tellus sit amet accumsan lobortis, Quisque interdum hendrerit molestie. Vestibulum adipiscing, tellus sit amet accumsan lobortis.

Сайт: www.smartaddons.com
Другие материалы в этой категории: « ТОДКС ПОДВЕЛ ИТОГИ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ЗА 2012 ГОД

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

ЖУРНАЛ «ДУСТИ»

КАЛЕНДАРЬ

<< < Июнь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30